Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҷойгир шуда, аз ҷануб бо Афғонистон, аз шарқ бо Чин, аз шимол бо Қирғизистон ва аз шимол ва ғарб бо Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад. Пойтахти Тоҷикистон Душанбе аст.
93% Тоҷикистонро куҳҳо ишғол мекунанд. Ҳавои Тоҷикистон камбориш ва кам абр мебошад. Ҳарорати миёна дар моҳи январ дар ҷанубу ғарбии Ҷумҳурӣ аз 2, −2 °C дар кӯҳистони дурдаст то −20 °C. Ҳарорат пастарин дар Помир то ба −63 °C мерасад. Дар моҳи июл бошад дар ҷанубу ғарбии Ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво ба 30 °C ва дар Помир 0 °C мерасад. Ҳарорати баланд то 48 °C мерасад.